27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Фестивали ҷаҳонии “Евроазия” дар Қазоқистон ифтитоҳ шуд
Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон маросими Фестивали байналмилалии филм, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми фарҳангӣ дар минтақа ба шумор меравад, ифтитоҳ гардид.
Дар Фестивал меҳмонони зиёд аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ҳунармандону филмсозон гирди ҳам омаданд. Дар ин хусус хабаргузории Казинформ хабар додааст.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивал Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Балаева ширкат ва суханронӣ намуд. Ӯ номаи табрикотии президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро қироат кард.
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар номаи табрикотии худ таъкид намуда, ки фестивали авруосиёии “Евроазия” лоиҳаи беназир аст, ки фарҳанги қазоқро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад.
“Имсол ба таҷлили 110-умин солгарди зодрӯзи шахсияти барҷастаи синамои Қазоқистон Шакен Айманов ва 90-умин солгарди таъсиси киностудияи “Қазоқфилм” бахшида шудааст. Ин маънои бузурги рамзӣ дорад. Кинематография мардумро ба эҷодкорӣ даъват намуда, сифатҳои беҳтаринро меомӯзонад ва бо ҳамин дар тамоми халқ маданияти баландро тарбия мекунад. Вай инчунин, робитаҳои мадании айни миллатҳои мухталифро мустаҳкам менамояд” – зикр шудааст дар номаи табрикотии президенти Қазоқистон.
Қосим-Жомарт Токаев ҳамчунин, таъкид намудааст, ки дар ин кишвар ба дастгирии синамои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад: “Дар Қазоқистон барои рушди соҳа аҳамият дода мешавад. Мутахассисони мо бо маҳорати худ аз насли калонсол қафо намонда, бо мазмуни амиқ филмҳо месозанд. Филмҳои мо дар фестивали филмҳо дар саросари олам намоиш дода мешаванд. Бовар дорам, ки ҷашнвораи байналмилалии синамои Авруосиё қалбҳои ҳақиқро ифшо мекунад ва барои беҳтарин лоиҳаҳо роҳ мекушояд.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”