Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Депутати Малайзия аз мулоқоти мақомоти вазорати маорифи ин кишвар бо Толибон танқид кард
Раиси Ҳизби иқдоми демократии Малайзия Лим Гуан Энг аз вазири маорифи ин кишвар хост дар бораи дидори ахираш бо мақомҳои Толибон шарҳ диҳад. Ӯ нисбат ба набудани шаффофият дар ин дидор ва паёмадҳои он барои ҳуқуқи башар ибрози нигаронӣ кардааст.
Ин сиёсатмадори малайзиягӣ гуфтааст, ки аз мулоқоти вазири маориф бо гурӯҳи террористии Толибон аз ВАО огоҳ шудааст ва ҳатто муовини вазир ҳам аз он хабар надоштааст.
“Ба ҳайси намояндаи мардум ва ҳомии ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи омӯзиши занон мехоҳам бидонам, чаро Вазорати маориф иҷозаи мулоқот ба мақомҳои кишвареро дода, ки Малайзия бо он робитаи дипломатӣ надорад” - таъкид кардааст Лим Гуан Энг.
Ӯ дар мавриди Афғонистон ҳамчун кишваре, ки занон дар он аз рафтан ба мактабҳо ва донишгоҳҳо манъ шудаанд, афзудааст: “Милали Муттаҳид ин иқдомҳоро маҳкум кардааст. Мардуми Малайзия шоистаи шарҳе дар бораи ин дидор ҳастанд, зеро ин мавзуъ амиқан нигаронкунанда мебошад.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”