27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
22.11.2024 07:52

Пизишкиён кӯчонидани пойтахт ба ҷануби Эронро пешниҳод кард

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён зимни боздид аз қароргоҳи “Хотамул-анбиё” таъкид кард, ки суръати кӯчонидани пойтахт ба ҷануби Эрон - соҳили Халиҷи Форсро бояд ҷиддӣ пайгирӣ намоянд. Қаблан, дар соли 2013 масъалаи кӯчонидани пойтахт ба миён гузошта шуда буд.

Масъуд Пизишкиён таъкид намудааст, ки нигоҳ доштани Теҳрон ба унвони пойтахт бо чандин сабабҳо ва пеш аз ҳама сабабҳои иқтисодӣ ғайримкон шудааст: “Теҳрон бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст, ки ҳал карданашон ғайриимкон мебошад. Ҳар коре, ки кунем, вақти худро аз даст медиҳем. Аз ин рӯ, дигар интихобе нест, ҷуз кӯчонидани маркази иқтисодӣ ва сиёсӣ ба соҳилҳои ҷануб”.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён афзудааст, ки нодида гирифтани масъалаи зикршуда метавонад кишварро дар оянда ба буҳрони экологӣ ва дигар мушкилоти зиёд дучор кунад.

Муовини аввали президент Муҳаммадризо Ориф вазифадор шудааст, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи кӯчонидани пойтахт назорат дошта бошад.

Масъуд Пизишкиён дар замони маъракаҳои интихоботӣ низ масъалаи кӯчонидани пойтахти Эрон ба ҷануби ин кишвар – соҳилҳои Халиҷи Форсро матраҳ намуда буд. Дар соли 2023  110 вакили Шурои Ҷумҳурии Исломӣ – парлумони Эрон бо асоси овоздиҳӣ масъалаи кӯчонидани пайтахтро қабул намуда буданд. Ин шуро он вақт таҳқиқот гузаронид, то муайян намояд, ки “кадом шаҳр ҳамчун алтернативаи беҳтар барои пойтахт мувофиқ аст”.

Бояд гуфт, дар Теҳрон, ки пойтахти Эрон аст, ҳоло 20 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.