27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
22.11.2024 13:43

Эрон омода аст, ки ғанисозии 60% уранро қатъ кунад

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шурои мудирони Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) гуфтаанд, ки агар дар ҳафтаи ҷорӣ зидди ин кишвар қатънома содир нашавад, омодаанд аз афзоиши захираҳои ғанишудаи 60% уран даст кашанд.

Хабаргузории “Рейтерз” бо такя ба чанд манбаъ навишт, ки аллакай мақомоти Эрон омодагӣ нишон дода, афзоиши ғанисозии 60% уранро қатъ кардаанд.

МАГАТЭ чанде қабл эълон кард, ки захираҳои урани ғанишуда беш аз 32 % аз миқдори муайяншуда дар тафоҳумномаи анҷомшуда дар музокироти 5 бар иловаи 1, ки дар соли 2015 имзо шуд, бештар аст.

Тибқи иттилои ВАО захираҳои гексафториди уран, ки то 60 % ғанисозӣ шудаанд, аз моҳи август аз ҳаҷми 164,7 кг то 182, 3 кг афзудаанд. МАГАТЭ маълумот медиҳад, ки 42 кг урани ғанисозишудаи 60 дарсадӣ аз нигоҳи назариявӣ “барои сохтани бомбаи атомӣ дар сурати ғанисозии минбаъда кофӣ мебошад”.

Рафаэл Гросси, раиси МАГАТЭ чанд рӯз қабл вориди Эрон шуда, аз муассисаҳои атомии ин кишвар дидан намуд. Вай бо мақомоти олирутбаи Эрон мулоқот намуда, оид ба оғози гуфтугӯ дар мавриди барномаи атомии Эрон музокирот анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни мулоқот бо Рафаэл Гросси, раиси МАГАТЭ чунин таъкид намуд: “Бар асоси фатвои Роҳбари олӣ, мо на талош кардем ва на хоҳем кард, ки ба ягон тарз силоҳи атомӣ созем. Ҳеч кас ҳақ надорад аз ин сиёсат дур шавад”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.