Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ӯзбекистон бо Қатар дар бахши технологияи иттилоотӣ шартнома имзо кард
Шерзод Шерматов, вазири технологияҳои рақамии Ӯзбекистон дар ҷараёни сафари худ ба давлати Қатар бо муовини директори иҷроияи корпоратсияи “Mannai” Холид Маннаӣ ва раиси корпоратсия Алех Гревал ва ноиби калони президенти “Mannai InfoTech” Бану мулоқот намуда, як қатор масъалаҳои муҳимми равобити дуҷонибаро мавриди гуфтугӯ қарор дод.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаи ташкил намудани маркази офшорӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус, Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон хабар додааст.
Дар ҷараёни имзои шартнома ҷонибҳо ба рушди лоиҳаи махсус, ки дар ҳамкорӣ бо корпоратсияи “Mannai” ва дигар ширкатҳои IT-и Қатар таҳия мегарад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба тақвияти он таъкид намуданд. Гуфта мешавад, ки мақсади лоиҳа баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва кам кардани хароҷоти ба кор қабул кардан мебошад.
Дар ин мулоқоти Вазорати технологияҳои рақамии Ӯзбекистон ва корпоратсияи “Mannai” масъалаи таъсиси маркази таълимӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Дар охир ҷонибҳо меморандуми ҳусни тафоҳумро имзо намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”