27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
21.11.2024 18:09

Ҳосили рекордии гандуми Қазоқистон бозорҳои Африқову Осиёи Миёнаро таъмин мекунад

Дар даҳ соли охир ҳосили истеҳсоли гандум дар Ҷумҳурии Қазоқистон рекордӣ шуд. Дар робита ба ин Ҳукумати ин кишвар ба ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки бозори фурӯши гандуми Қазоқистонро густариш диҳанд.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон ҳосили гандум имсол 26, 7 миллион тоннаро ташкил додааст. Дар соли 2023 ин рақам 17, 1 миллион тонна, дар соли 2022 22, 03 миллион тонна ва дар соли 2021 ҳосили гандум 16, 3 миллион тоннаро ташкил дода буд.

Дар маҷлиси Ҳукумат бо сарварии сарвазири Қазоқистон масъалаи густариши бозорҳои фурӯши гандуми ин кишвар баррасӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки бозори фурӯш дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ, Осиёи Миёна, Шарқи Наздик ва Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда шавад.

Дар ин маҷлис муовини вазири савдои Қазоқистон самтҳои афзалиятноки бозори фурӯши гандумро зикр кард, ки инҳо мебошанд: Чин, Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон, Шарқи Наздик, Италия, Латвия ва Испания.

Бар асоси иттилои Вазорати савдои Қазоқистон иқтидори содиротии ин кишвар дар соли ҷорӣ 12 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Қосим-Жомарт Токаев дар Анҷумани аввалини кишоварзон гуфт, ки Қазоқистон бояд на танҳо бозорҳои анъанавии фурӯшро нигоҳ дорад, балки содиротро диверсификатсия намуда, схемаи тағйири таъминотро ба талаботи кишварҳои мухталиф мутобиқ созад.

Имсол содироти гандум аллакай ба Ӯзбекистон ва Туркманистон оғоз шудааст. Содирот ба бозори Эрон низ оғоз шуд ва аллакай 250 ҳазор тонна ҷав интиқол дода шуд.

Дар ҳамин ҳол президенти Қазоқистон таъкид кардааст, ки гандум бояд ба бозорҳои Чин, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Шарқи Наздик, Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ интиқол дода шавад.

Барои амалӣ намудани стратегияи фурӯши гандум зиёд намудани нақлиёти баҳрӣ ба нақша гирифта шуда, дар бандари Курик терминали нави гандум ба кор даромад. Таъкид мешавад, ки дар робита ба ин нақши долонҳои байналмилалӣ, монанди роҳи Шимол-Ҷануб ва Транс-Каспӣ муҳим аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.