Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
“11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ меҷангад”. Вакили ин кишвар тасдиқ кард
Пак Сун Вон дар суҳбат бо ВАО гуфтааст, ки 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар сафи қувваҳои низомии Федератсияи Русия дар муқобили неруҳои украинӣ меҷанганд.
Пак Сун Вон, вакили парлумони Кореяи Шимолӣ бо такя ба Кумитаи иттилооти миллии ин кишвар таъкид кардааст, ки 10 ҳазору 900 сарбози ин кишвар дар ҷанги Украина иштирок доранд.
Вакили Кореяи Шимолӣ афзудааст, ки сарбозони ин кишвар ба унвони бахше аз воҳидҳои низомии Русия бар зидди неруҳои украинӣ дар минтақаи Курски Федератсияи Русия меҷаганд. Шуморе ҳам қаблан бар зидди неруҳои украинӣ меҷангиданд.
“Кореяи Шимолӣ барои ҷанг дар Украина ҳамчунин, аслиҳаҳои баштаре, аз қабили партобкунандаи мушак ирсол кардааст” – таъкид мекунад Пак Сун Вон
ВАО-и аврупоӣ навишт, ки сафари Вазири корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ чанд моҳ қабл ба Федератсияи Русия ва мулоқоти ғайриодӣ ва берун аз протоколҳои расмӣ баёнгари густариши равобити ин ду кишвар аст.
НАТО қаблан иттилоъ дода буд, ки неруҳои Кореяи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия бар зидди неруҳои украинӣ меҷанганд. Аз ҷониби дигар, Владимир Зелинский, президенти Украина таъкид намуда буд, ки нақши барҷастаи Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Украина барои ҳама кишварҳо “як таҳдид” аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”