Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Қазоқистон аз шаҳрвандонаш талаб кард, ки минтақаҳои ҷангзадаи Укринаро тарк кунанд
Сафорати Қазоқистон дар Украина бо сабаби афзудани ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳрвандонаш ҳушдор дод, ки чораҳои ҳифзи бехатариро риоя карда, он митақаҳоеро, ки дар он ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ шиддат мегиранд, тарк намоянд.
Сафорат ҳамчунин, бо ишора ба шаҳрвандонаш меафзояд, ки дар сурати шунидани бонги хатар фавран ба паноҳгоҳҳо пинҳон шаванд. Дар зимн аз онҳо хостааст, ки чораҳои бехатариро риоя намуда, тавсияҳои мақомоти расмиро гӯш кунанд.
Сафорат барои баромадан аз ин кишвар истифода бурдани хатсайрҳои заминӣ тавассути Полша ва Молдаваро тавсия додааст.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои охир ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба баъзе минтақа, аз ҷумла шаҳри Киеви Украина шиддат мегирад. Чанде қабл бархе кишварҳои аврупоӣ ва ИМА ба хотири як таҳдиди ҳамлаҳои ҳавоии Русия кормандони сафоратхонаҳояшонро хориҷ намуда, фаъолияти онро таътил эълон намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”