Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Чин ба докторинаи ҳастаии нави Русия вокуниш нишон дод
Дар пайи имзои докторинаи атомии нави Русия, ки Владимир Путин имзо кард ва ҳадафаш густариши қобилиятҳои ҳастаии ин кишвар аст, Чин хостори оромиш ва хештандорӣ дар ҷанги Украина шудааст.
Лин Сзяня сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Чин эълон кард, ки дар вазъияти феълӣ тамоми ҷонибҳо ором бошанд ва хештандорӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин, аз ҷонибҳо даъват карда, ки барои коҳиши танишҳо бояд бо якдигар аз тариқи гуфтугӯ ва машварат ҳамкорӣ кунанд.
“Мавқеи Чин барои ташвиқи ҳама тарафҳо ба кам кардани танишҳо ва муттаҳид шудан ба роҳи ҳалли сиёсии буҳрони Украина бидуни тағйир боқӣ мемонад. Чин ба ифшои нақши созанда дар ин замина идома хоҳад дод” – таъкид кард сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии халқии Хитой.
Қобили зикр аст, ки Владимир Путин рӯзи сешанбе – 19-уми ноябр докторинаи атомии нави Федератсияи Русияро имзо кард. Тибқи муқаррароти нав Русия иҷоза дорад, ки дар сурати ҳимояти қудратҳои атомӣ аз Украина аз силоҳҳои атомӣ истифода кунад. Иқдоми тағйири докторинаи атомии Русия пас аз он сурат гирифт, ки Амрико ба Украина иҷоза дод, барои ҳамла ба хоки ин кишвар аз мушакҳои дурбурд истифода кунад.
Дар пайи нигарониҳои ҳастаӣ президенти Фаронса Эмануэл Макрон таъкид кард, ки Чин барои пешгирӣ аз ташниҳои мавҷуд нақши муҳим дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”