Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Шавкат Мирзиёев пешниҳод кард, сафар ба Ӯзбекистону Тоҷикистон бе шиносномаи хориҷӣ имконпазир гардад
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар Маҷлиси Олии Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки барои рафтуомади осони шаҳрвандон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низоми сафар бо корти ID (шиносномаи дохилӣ) ба роҳ монда шавад.
Низоми сафар бо корти ID аллакай байни Ӯзбекистон бо Қирғизистон амал мекунад. Дар ин хусус Дафтари матбуоти парлумони Ӯзбекистон – Маҷлиси Олӣ хабар дод.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кишвар амалӣ намудани сиёсати самараноки хориҷӣ, рушди шарикони наздик ва кишварҳои дӯст, густариши робитаҳои минтақавӣ хеле муҳим аст. Шавкат Мирзиёев афзуда, ки зарурати таҳия ва қабули консепсияи нави сиёсати хориҷӣ ба миён омадааст.
“Таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ боқӣ хоҳанд монд” – таъкид кард президенти Ӯзбекистон.
Дар нақша аст, ки дар соли 2025 нишасти сарони “Панҷгонаи Осиёи Марказӣ” –Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар шаҳри Тошканд багузор шавад ва президент Шавкат Мирзиёев ҳамоиши мазкурро “як қадами муҳимми амалӣ дар ин роҳ” унвон кард.
Шавкат Мирзиёев афзуд, ки “Аз 1-уми сентябр шаҳрвандони Ӯзбекистон метавонанд бо истифода аз ID-корт (ба ҷои шиносномаи хориҷӣ) ба Қирғизистон озодона сафар кунанд, ки дар нақша аст чунин тартиб бо Қазоқистон ва Тоҷикистон низ ҷорӣ карда шавад.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”