27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:49, Душанбе
20.11.2024 17:51

Чин ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандонаш дар Тоҷикистонро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷаи Чин бо нашри эъломия ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳрвандонаш дар сарҳади Тоҷикистонро, ки як нафар кушта шуд, маҳкум намуда, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хост, дар ин хусус таҳқиқи мунсифона анҷом диҳад.

Рӯзи 18-уми ноябр ҳамлаи мусаллаҳона аз он сӯйи марзи Афғонистон аз ҷониби шахсони мусаллаҳ ба як қароргоҳи корхонаи чинӣ дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сурат гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла як шаҳрванди Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

Тибқи эъломияи Вазорати корҳои хориҷаи Чин ҳамлаи мусаллаҳона ба як қароргоҳи корхонаи чинӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз он сӯйи марз сурат гирифтааст. Дар натиҷаи он, аз ҷумла як сокини маҳаллӣ низ захмӣ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳамлаи мусаллаҳонаи мазкурро“хушунатомез” тавсиф намуда, маҳкум кард ва аз шаҳрвандонаш хост, ки дар вақти кор дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз эҳтиёт кор гирифта, чораҳои амниятиро риоя кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба як қароргоҳи корхонаи чинӣ дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро, ки ба фаъолиятҳои иктишофии тило машғул буд, шарҳ надодаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.