Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷири эронӣ дар Хатлон корхонаи коркарди меваю афшӯрда месозад
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо як гурӯҳ масъулини корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуда, доир ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, густариши ҳамкориҳои чандҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ ва содироти маҳсулоти кишварзӣ табодули афкор намуд.
Дар ин мулоқот Маҳдӣ Асадуллоҳпур, намояндаи холдинги “Алмос-Неру” – и Эрон ширкат намуда, таъкид кард, ки мақсади дидору мулоқоти раҳбарони ширкатҳои эронӣ бо раиси вилояти Хатлон бунёди корхонаи истеҳсоли маваю афшуда ва хушк намудани мава аст.
“Мо вобаста ба коркарди меваи хушсифат, аз ҷумла себ манфиатдорем ва иқлими Тоҷикистон баҳри зиёд намудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот заминаҳои бунёди корхонаҳои азими истеҳсолиро ба миён мегузорад. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем, чунин корхонаро дар вилояти Хатлон бунёд созем ва беш аз 500 нафар бонувони маҳаллиро ба кор фаро гирем” – таъкид кардааст Маҳдӣ Асадуллоҳпур дар суҳбат бо раиси вилияти Хатлон.
Раиси вилояти Хатлон иқдомоти сармоягузории эрониро дастгирӣ намуда, таъкид кардааст, ки дар вилоят майдони боғҳо зиёд аст ва ниёз ба коркард ва истеҳсолот вуҷуд дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”