Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Толибон садҳо китобро барои “муҳтавои ғайриисломӣ” ҷамъоварӣ кардаанд
Хабаргузории “Франс-пресс” хабар додааст, ки гурӯҳи террористии Толибон садҳо номгӯй китобро ба хотири доштани “муҳтавои ғайрисломӣ” аз бозор ва китобхонаҳои Афғонистон ҷамъоварӣ кардаанд.
Тибқи иттилои хабаргузорӣ Вазорати иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи Толибон ба хотири ин кор комиссия ташкил намудааст, ки кори он ташхис ва кашфи китобҳоест, ки муҳтавои ғайрисломӣ доранд.
Масъули як чопхона ба хабаргузории зикршуда гуфтааст, ки “Сензураи зиёде вуҷуд дорад. Кор бисёр душвор шудааст ва тарс ҳама ҷоро фаро гирифтааст.”
Толибон панҷ номгӯй китоби мамнуъшуда аз сӯйи ин гурӯҳро ба хабарнигори “Франс-пресс” эълон кардаанд. “Исо писари инсон”-и Ҷуброн Халил, “Гург ва гусфандон худоёни шарқӣ” –и Исмоил Кодора, “Афғонистон ва минтақа: чашмандози ғарби Осиё” – и Мирвайси Балхӣ аз ҷумлаи китобҳои манънамудаи гурӯҳи Толибонанд. Гурӯҳи террористии Толибон гуфтаанд, ки дар ин китобҳо ибораҳои куфромез ва таҳқири ислом ҷой дорад.
Муҳаммадсиддиқ Ходимӣ, як мақомдори гурӯҳи террористии Толибон дар ин бора чунин гуфтааст: “Мо китобҳои ҳеч кишвар ё шахси хосеро мамнуъ накардаем, аммо китобҳоеро, ки бо дин, шаръ ё низоми Толибон мухолифат доранд ё акси мавҷудоти зинда доранд, ҷамъоварӣ мекунем.”
Расонаҳо дар ин бора навиштаанд, ки баррасии китоб ва ҷамъоварии он аз сӯйи гурӯҳи террористии Толибон башиддат идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”