Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Индонезия хоҳони оташбаси фаврӣ дар Украина ва Ғаза шуд
Президенти Индонезия Прабово Субианто хостори барқарории оташбаси фаврӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Украина ва Ғаза шуда, нақши кишвраҳои узви гурӯҳи 20-ро дар овардани сулҳ ва субот махсусан таъкид кард.
Президенти Индонезия Прабово Субианто дар Нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи 20 дар Бразилия бо ишора ба тағйироти геополитикӣ ва даргириҳои ҷорӣ аз тамоми аъзои гурӯҳи зикршуда хост барои дастёбӣ ба сулҳу субот қадамҳои амалӣ бардоранд. “Сулҳ ва субот ниёзи аввалия барои муқобила бо проблемаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла фақр ва гуруснагӣ ҳастанд” – таъкид намуд президенти Индонезия.
Прабово Субианто аз сарони кишварҳои узви гурӯҳи 20 ҳамчунин, хост, ки талошҳои чандҷонибаро ҷиҳати фароҳам намудани заминаҳои расидан ба сулҳ дар минтақаҳои ҷангзада тақвият диҳанд: “Мо аз кишварҳои гурӯҳи 20 мехоҳем, ки барои оташбаси фаврӣ дар Украина ва Ғаза талошҳои чандҷонибаро тақвият кунанд.”
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад