Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ким Чен Ин: “Кореяи Шимолӣ бояд барои як ҷангӣ воқеӣ омода шавад”
Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ бо ишора ба афзоиши тавоноиҳои низомии артиши ин кишвар аз фармондеҳони низомии худ хост, то омодагиҳои низомии давлатро барои муқобила бо таҳдидҳои хориҷӣ ва ҷанги воқеӣ боло баранд.
Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар мулоқот бо фармондеҳон ва мураббиёни низомӣ ба тақвияти қудрати низомӣ-сиёсӣ ва афзоиши тавоноиҳои неруҳои мусаллаҳи кишвари зикршуда таъкид кард. Ӯ нимҷазираи Кореяро “нооромтарин нуқтаи ҷаҳон” арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки танишҳо миёни Корияи Ҷанубӣ ва муттаҳидаш ИМА бо Кореяи Шимолӣ ба “бадтарин марҳила дар таърих” расидааст.
Хабаргузории “Кореяи Шимолӣ” ба нақл аз нутқи раҳбари ин кишвар чунин навишт: “Раҳбари Кореяи Шимолӣ, ҳамчунин, бидуни ҳеч гуна маҳдудият тақвияти қувваҳои атомии кишварашро хостор шуд”.
Ин расона ҳамчунин, навишт, ки Ким Чен Ин дар ҳамоиш бо фармондеҳони низомӣ дар бораи ҷанги миёни Русия ва Украина чунин афзуд: “Амрико ва Ғарб ҷангеро алайҳи Русия бо истифода аз Украина ба ҳайси як “гурӯҳи ҳамлавар” бо ҳадафи густариши дахолатҳои низомии Вашингтон дар ҷаҳон ба роҳ андохтааст."
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”