Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Қазоқистон 1,7 миллион хонандаи мактаб ғизои ройгон дарёфт мекунанд
Тибқи барномарезии Ҳукумати Қазоқистон 1, 7 миллион хонандагони мактаб ва кӯдакистонҳо дар ин кишвар бо ғизои ройгон таъмин карда мешаванд.
Дар робита ба барномаи зикршуда Вазири маорифи Қазоқистон Ғанӣ Бейсембоев таъкид кард, ки барои таъмини ғизои ройгон ба хонандагони мактаб ва кӯдакистонҳо дар Қазоқистон 162 миллиард танга ҷудо шудааст. Дар ин хусус хабаргузории “Казинформ” хабар медиҳад.
Тибқи супориши президенти Қазоқистон хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва кӯдакони табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир бо ғизои ройгон таъмин карда мешаванд.
Ғанӣ Бейсембоев, вазири маорифи Қазоқистон мегӯяд, ки Вазорат барои таъмини сифати ғизо чораҳои зурурӣ андешида, талаботи меъёрҳои ҳуқуқии дахлдор дар ин самтро тасдиқ кардааст.
Ҳамчунин, вазорати маориф ва тандурустии Қазоқистон барои боло бурдани сифат ва стандарти ғизо барномаи стандарти нави ғизо дар муассисаҳои таълимиро муҳайё намудаанд ва он дар соли 2025 мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Таҳияи барномаи стандарти ғизо дар ҳолест, ки қабл аз ин президенти Қазоқистон супориш дода буд, сифати ғизо дар мактабҳо санҷида шуда, мутобиқи талабон пешниҳод гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”