Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Як гурӯҳ дар Алмаато барои ташкили занозании оммавӣ боздошт шуданд
Полиси шаҳри Алмаатои Қазоқистон эълон кард, ки як гурӯҳро ба иттиҳоми ташкил намудани занозании гурӯҳӣ ва бетартибиҳо боздошт кардааст.
Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоии корбарони қазоқистонӣ наворе паҳн гардид, ки дар он гурӯҳе аз мардон бо ҳам занозанӣ мекунанд. Дар вақти занозанӣ як мард рӯйи роҳ меафтад. Марди ба замин афтода, аз ҷояш намехезад, ӯро аз ҷояш баланд мекунанд ва аз дастонаш гирифта, мекашанд. Ин ҳодиса дар кӯчаи Ангарскаяи ноҳияи Жетисуи шаҳри Алмаато рӯй додааст.
“Аз рӯйи ин ҳодиса шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар ноҳияи Жетису парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Иштирокчиёни муноқиша шиносоӣ ва боздошт шудаанд. Ба кирдори ҳар яки онҳо дар чорчӯби қонун баҳо дода мешавад” – хабар медиҳад Дафтари матбуоти раёсати ВКД –и Алмаато.
Чанде қабл низ дар ҳудуди Донишгоҳи Ал-Форобии Қазоқистон занозании оммавӣ рух дода буд, ки он вақт полиси Алмаато 20 нафарро ба иттиҳоми ташкили занозании оммавӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”