27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:47, Душанбе
19.11.2024 09:38

Чин дар Афғонистон 18 чоҳи нафт мекобад

Ширкати чинии “Оф-Чин” кори амалиётии ҳафории 18 чоҳи нафт дар минтақаи “Омударё” - воқеъ дар Афғонистонро оғоз кард.

Амриддин Ализай, сухангӯйи ширкати чинӣ дар Афғонистон эълон кард, ки ин чоҳҳо дар минтақаи Қашқарӣ, Оқдарёи Сарипул ва Зумурадсойи Ҷузҷон қарор доранд ва кофтани онҳо дар тӯли соли ҷории мелодӣ такмил хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ки бо ҳафории чоҳҳои зикршуда мизони истихроҷи нафт дар Афғонистон ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи қарордод миёни ширкати чинӣ ва Ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон ширкат иҷозаи истихроҷи нафт аз масоҳати 4 ҳазору 500 километри мураббаъ дар ҳавзаи нафтии Омударёро дарёфт кардааст. Ба ҳавзаи нафтӣ, инчунин, минтақаҳои Сарипул, Ҷузҷон ва Форёб шомил мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳоло тибқи қарордод истихроҷи нафт рӯзона ба 1000 тонна мерасад ва қарор аст, дар оянда ба 2000 тонна бирасад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.