Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бонки рушди Осиё барои ҳифзи пиряхҳо 3,5 миллиард доллар ҷудо мекунад
Раиси Бонки рушди Осиё Масасугу Асакава эълон намуд, ки Бонк барои ҳифзи пиряхҳо ва рушди кишоварзии пойдор 3,5 миллиард доллар ҷудо хоҳад кард.
Раиси Бонки рушди Осиё таъкид кард, ки “Ин сармоягузорӣ барои кумак ба ҷомеаҳои осебпазир дар минтақа барномарезӣ шудааст, то бо чолишҳои тағйироти иқлимӣ мутобиқ шаванд”.
Масасугу Асакава ҳамчунин, дар мавриди ҳодисаҳои иқлимии охир чунин гуфт: “Ҳодисаҳои иқлимие, ки дар 12 моҳи гузашта таҷриба кардаем, аз назари шиддат ва фаровонӣ афзоиш меёбанд. Бинобар ин, дар ин маврид мо бояд ҳамакнун иқдоми ҷасурона анҷом диҳем. Ин мисоли дигарест, ки чӣ гуна Бонки рушди Осиё барои Осиё ба ҳайси “бонки обу ҳаво” амал мекунад”.
Раиси Бонки рушди Осиё мақсади зикршударо дар нишасте, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон доир ба тағйиёбии иқлим баргузор гашт, баён намуд. Дар ин нишаст Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки беш аз ҳар минтақаи дигар ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо мувоҷеҳанд ширкат намуданд. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар нишасти мазкур таъкид кард, ки дар тӯли 30-40 соли охир беш аз 1000 пиряхҳои табиӣ дар Тоҷикистон об шудаанд.
Вазири муҳити зисти Озарбойҷон Мухтор Бобоев дар нишасти зикршуда таъкид кард, ки бояд барои ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо муттаҳид шуд, зеро коҳиши пиряхҳо метавонад ба камбуди об, буҳрони кишоварзӣ ва вайроншавии экосистема сабаб гардад.
Ҷонибҳо дар нишасти зикршуда таъкид намуданд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ барои наҷоти сарчашмаҳои ҳаётӣ дар Осиёи Марказӣ беш аз ҳар замони дигар як амри зарурӣ ба шумор меравад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”