Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Самарқанд ба иттиҳоми таҷовузи гурӯҳӣ 9 нафар боздошт шуд
Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки 9 нафар ба иттиҳоми таҷовуз ба номуси як духтари мактабхон боздошт шудаанд. Қурбонии таҷовуз хонандаи синфи 8 мактаб гуфта мешавад.
Ҳаёт Шамсуддинов раҳбари Дастгоҳи матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон ин ҳодисаро шарҳ додааст. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 6-уми октябри соли 2024 як духтари ноболиғ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуда, эътироф кардааст, ки аз тарафи чанд нафар таҷовуз шудааст.
Тибқи тафтишоти пешакӣ маълум гадид, ки бар асоси шикояти ҷабрдида котиби Прокуратураи ноҳияи Кош-работи Самарқанд муттаҳам ба амали таҷовуз ба номуси духтари мактабхон аст. 30-уми октябри соли равон ӯ бо фармони Прокуратураи вилоят аз мақомаш барканор гардид.
Тибқи натиҷаҳои пешакии экспертизаи судии тиббию биологӣ ба асоси моддаи 119 – и Кодекси ҷиноӣ (қонеъ намудани ҳисси шаҳвонӣ бо роҳи зӯроварӣ ва ғайритабиӣ нисбат ба шахси 18 – сола) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”