Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Илон Моск дар бораи “коҳиши таниш” бо сафири Эрон гуфтугӯ кард
Рӯзномаи “Вашингтон пост” навишт, ки Илон Моск, миллиардер ва мушовири аршади Доналд Трамп бо сафири Эрон Сайид Амири Ирвонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид дидор ва дар бораи коҳиш додани таниш миёни Эрон ва Амрико суҳбат кардааст.
Ин рӯзнома бо такя ба ду мақоми эронӣ навиштааст, ки мулоқоти дуҷониба рӯзи душанбе – 11-уми ноябр дар макони “маҳрамона” ду соат давом кардааст. Мақомоти эронӣ, ки бо рӯзномаи зикршуда бидуни ифшои номашон суҳбат кардаанд, мулоқоти дуҷонибаро “мусбат” ва “хабари хуб” тавсиф намудаанд.
Тибқи иттилои рӯзнома дархости мулоқот аз ҷониби Илон Моск сурат гирифта ва маҳалли мулоқотро сафири Эрон интихоб намудааст. Худи Илон Моск ба дархостҳо дар робита ба изҳори ақида дар ин маврид посух надодааст.
Бояд гуфт, ки ин аввалин гузориш дар мавриди мулоқоти афроди наздик ба Доналд Трамп бо мақомоти эронӣ пас аз интихоботи гузаштаи Амрико аст. Тибқи гузоришҳо дар даври дувуми президентӣ имкони тағйири мавқеи шадиди Доналд Трамп нисбат ба Эрон вуҷуд дорад. Дар даври аввали президентӣ Доналд Трамп мавқеи тунд нисбат ба Эрон дошт ва аз тавофуқномаи ҳастаӣ хориҷ шуд. Мақомҳои эронӣ гуфтаанд, ки ихтилофот бо Амрикоро аз тариқи гуфтугӯ ва музокира метавон ҳал кард. Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷии Эрон низ чанде қабл гуфт, ки Эрон омодаи музокира ва гуфтугӯ бо Амрико мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад