Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Бонки ҷаҳонӣ: ҳамлаи Исроил ба Лубнон беш аз 5 миллиард доллар зарари иқтисодӣ ворид кард
Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише гуфт, ҳамлаҳои як соли ахири Исроил ба Лубнон беш аз 5 миллиард доллар хисороти иқтисодӣ ворид кард.
Дар гузориш зикр шудааст, ки ба таври умда дар бахшҳои бозаргонӣ, гардишгарӣ ва меҳмоннавозӣ ва ҳамчунин, дар бахши кишоварзӣ ин хисоротҳо мушоҳида мешавад.
“Интизор меравад маблағи ниҳоии хисороти вобаста ба ҷанг дар Лубнон ба миқдори қобили таваҷҷуҳе бештар аз маблағҳои ироашуда дар ин арзёбӣ бошад”- оварда шудааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.
Дар ин гузориш ҳамчунин, таъкид шудааст, ки 99 ҳазору 209 хонаи истиқоматӣ, асосан дар қисмати ҷануби Лубнон дар наздикии марзи Исроил хисорат дидааст. Хисорати воридшуда ба хонаҳои истиқоматӣ 2,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар бахши дигари гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мешавад, ки 81 дарсади хонаҳои осебдида ва вайроншуда дар минтақаи Сур, Набтия, Банти Ҷабил ва Марҷуъун қарор доранд.
Бонки ҷаҳонӣ тахмин мекунад, ки ҷанги Исроил бо Лубнон маҷмуи маҳсулоти дохилии Лубнонро дар соли 2024 6,6 фоиз коҳиш медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”