Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эҳтимолан Ҳинд дипломати тозатаъини Толибонро бипазирад
Расонаҳои ҳиндӣ менависанд, ки Ҳукумати Ҳиндустон дар ҳоли баррасии сарконсули таъиннамудаи гурӯҳи террористии Толибон қарор дорад.
Тибқи иттилои расонаҳои ҳиндӣ ба эҳтимоли зиёд Ҳукумати Ҳинд дипломати гурӯҳи Толибонро, ки ба унвони сарконсули консулгарии Афғонистон дар шаҳри Момбай пешниҳод шуд, хоҳанд пазируфт. Гуфта мешавад, ки қадами баъдӣ ба расмият шинохтани гурӯҳи Толибон аз сӯйи ҳукумати Ҳинд аст.
“Санди гардиан” - рӯзномаи ҳиндӣ дар ин бора чунин менависад: “Ин иқдом, ки шомили тасдиқи дипломати пешниҳодӣ аз сӯйи Толибон аст, рӯйкарди амалгароёни Ҳинд дар эҷоди робита бо давлати кунунии Афғонистонро нишон медиҳад ва гоми баъдӣ мумкин аст ба расмият шинохтани комили дипломатӣ бошад”.
Рӯзномаи мазкур меафзояд, ки густариши равобит ва ҳамкориҳои наздики Деҳлӣ ва Кобул ба он вобаста аст, ки гурӯҳи Толибон чӣ гуна ниёзҳои стратегии Ҳиндустонро бароварда месозанд.
Ба навиштаи “Санди гардиан” қабул намудани дипломати Толибон имкон медиҳад, ки Ҳинд аз манфиатҳои худ муҳофизат карда, тарҳҳои ҳиндиро таъмин кунад ва каналеро барои иртибот ҳифз намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки чанде қабл гурӯҳи террористии Толибон Икромиддин Камилро ба ҳайси сарконсули консулгарии Афғонистон дар Момбай таъин намуда буд. То ин замон ҳанӯз дар мавриди пазириши он аз ҷониби мақомоти ҳиндӣ маълумоти расмӣ нашр нашудааст. Ва гузориши рӯзномаи дар боло зикршуда, ки бо истинод бар чанд манбаъ масъаларо шарҳ медиҳад, нахустин гом барои пазириши дипломати Толибон аз сӯйи Ҳинд дониста мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”