Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Кашфи моддаҳои химиявӣ дар таркиби хуни журналисти руси фавтида дар Тошканд
Моҳи октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Тошканд як журналистзани рус ба таври мармуз фавтида буд. Натиҷаҳои таҳқиқи Прокуратураи генералии Узбекистон маълум кардааст, ки дар таркиби хуни журналисти фавтида моддаи карбоксигемоглобин пайдо шудааст.
Моҳи октябри соли ҷорӣ расонаҳо хабар дода буданд, ки дар меҳмонхонаи Тошканд се ҷасад пайдо шудааст. Ҳувияти ҷасадҳои пайдошударо он замон ошкор намуда буданд, ки онҳо журналисти 47-солаи рус Инесса Паперная, дӯсти 44-солаи ӯ Максим Радченко ва шаҳрванди 48-солаи Узбекистон Хушнуд Удеков буданд.
Тибқи хулосаи пешакии Прокуратураи генералии Узбекистон ташхиси судии химиявӣ дар хун ва узвҳои дохилии журналисти фавтида Инесса Паперная осори карбоксигемоглобин (59%), спирти этилӣ (1,36%) ва сулфиди гидроген пайдо шудааст.
Бояд таъкид кард, ки карбоксигемоглобин як пайвастагии гемоглобин ва оксиди карбон мебошад.
Прокуратураи генералии Узбекистон таъкид намудааст, ки тадқиқот оиди марги журналистзани рус Инесса Паперная идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”