Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Дидбони ҳуқуқи башар кӯчонидани иҷбории фаластиниёнро ҷинояти ҷангӣ номид
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Исроилро ба хотири кӯчонидани иҷбории фаластиниҳои минтақаи Ғаза ва “ҷо ба ҷо кардани 90 дарсад аз ҷамъияти ин минтақа” ба “ҷинояти ҷангӣ” муттаҳам кард. Ин Созмон аз Амрико, Олмон ва дигар кишварҳои таъминкунандаи силоҳ хост, ки фавран ирсоли силоҳ ба Исроилро қатъ кунанд.
Сомонаи расмии Дидбони ҳуқуқи башар навишт, ки “Мақомоти исроилӣ аз моҳи октябри соли 2023 боиси ҷобаҷогузории иҷбории густурда ва қасдани ғайринизомиёни фаластинӣ дар Ғаза шудааст, ки ин раванд ба манзалати масъулияти онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст”.
Ин созмон гуфтааст, ки ҳеч далели қонеъкунанда нисбат ба ин амали Исроил вуҷуд надорад ва дастури кӯчонидани афроди ғайринизомӣ ба онҳо осеби ҷиддӣ расонидааст.
Созмони мазкур пешниҳод кардааст, ки давлатҳо ба иловаи қатъ намудани ирсоли силоҳ ба Исроил, таҳримҳо ва дигар иқдомҳои ҳадафмандро иҷро кунанд. Ҳамчунин, таъкид кардааст, ки Девони олии байналмилалӣ бояд овора намудани иҷборӣ ва манъ кардани ҳақи бозгашт тавассути Исроилро ба унвони ҷиноят алайҳи башарият баррасӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад