Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳимоят аз эҷоди “Камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон афзоиш меёбад
Дабири кулли Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев гуфт, ки аз тарҳи эҷоди “камарбанди амниятӣ”-и Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳимоят мекунад.
Сергей Лебедев изҳори умедворӣ намуд, ки тарҳи “камарбанди амниятӣ” ба пешгирӣ аз фаъолияти террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷиратҳои ғайриқонунӣ кумак менамояд.
Ӯ зимни суханронӣ дар нишасти дабирони Шурои амнияти кишварҳои узви созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чунин таъкид намуд: “Мо комилан аз тарҳи СААД барои эҷоди як гурӯҳи кории муштарак аз намояндагони бахшҳои марбутаи Созмон ба манзури таҳияи як тарҳи ҷомеъи муштарак барои эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ҳимоят менамоем”.
Бояд қайд кард, ки пешниҳоди эҷоди “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон нахустин бор аз тарафи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 матраҳ шуда буд.
Ҳимояти Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз тарҳи ёдшуда дар ҳолест, ки чанде қабл Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ аз он ҳимоят намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”