Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Муовини вазир пешбурди савдо ва таҳкими имконоти молиявӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода бо намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) ҷанбаҳои муҳимми ҳамкориии иқтисодӣ ва таҳкими имкониятҳои молиявӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҳамчунин, масъалаи дастгирии корпоратсияи мазкур дар соҳаҳои маблағгузории савдо ба таҳкими иқтисодиёти Тоҷикистон ва минтақа мавриди табодули афкори дуҷониб қарор гирифт.
Мовини вазир аз густариши имконоти маблағгузории исломӣ барои корхонаҳои ватанӣ, ки дурнамои навро ба вуҷуд меоварад, изҳори миннатдорӣ кард.
Зимни мулоқот намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломии маблағгузории савдо (ITFC) маълумотро дар бораи ҷараёни татбиқи ташаббуси “Тиҷорати Осиёи Марказӣ-плюс” (TCCA+) пешниҳод намуда, масъалаи дастгирии савдо ва содагардонии расмиёти онро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки амали мазкур барои таҳкими низоми савдо ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон аҳмияти муҳим дорад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи риояи стандартҳои байналмилалӣ ва рушди неруи инсониро низ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқоти дуҷониба таъкид гардид, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои нав, ки ба рушди иқтисоди мамлакат нигаронида шудаанд, ҳамеша омода аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”