Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Намои Мадрасаи Шердори Самарқандро барқарор мекунанд
Бо кумаки молиявии ИМА намои Мадрасаи Шердори шаҳри Самарқанд барқарор карда мешавад.
Дархости Агентии мероси фарҳангии Ӯзбекистон барои ҳифзи Мадрасаи Шердор дар майдони Регистони Самарқанд дар чаҳорчӯбаи озмуни Хазинаи сафири Амрико оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ пазируфта шуд.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Ӯзбекистон барои барқарор намудани намои мадраса 500 ҳазор доллар ҷудо намуд, ки кори он бо ҷалби мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ оғоз мегардад.
Гранти хазинаи сафири Амрико, ки аз ҷониби Конгресси ин кишвар ҷудо шудааст, ҳадафаш сармоягузорӣ ба мероси фарҳангӣ аст. Агентии миллии ҳифзи мероси фарҳангии Ӯзбекистон бо дарёфти грантҳо барои ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба барқарорсозӣ ва бозсозии бино ва масҷидҳои қадима дар Ӯзбекистон оғоз кардааст.
Чанде қабл Агентии ҳифзи мероси фарҳангии Ӯзбекистон хабар дод, масҷиде, ки дар асрҳои XV - XVI дар Қашқадарё сохта шудааст, бо кумаки молиявии хориҷӣ барқарор ва бозсозӣ карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”