Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Қирғизистон як гурӯҳе ба иттиҳоми табаддулоти давлатӣ боздошт шуд
Мақомоти амниятии Қирғизистон хабар додаанд, гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки онҳо мақсад доштанд, табадуллоти давлатӣ анҷом диҳанд. Тибқи иттилои мақомоти амниятии Қирғизистон дар байни табаддулотчиён вакилон ва афсарони низомӣ низ ҳастанд.
Дар ин бора ҳамчунин, хабаргузории "ТАСС" аз қавли мақомоти қирғиз навиштааст, ки “гурӯҳеро шиносоӣ карданд, ки дар пайи барномарезӣ барои эҷоди нооромӣ ва бесубот кардани авзои сиёсӣ буданд”. Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки ин гурӯҳ бо мақсади амалӣ намудани табаддулот ва ташкили гирдиҳамоиҳои хушунатомез ташкил шудааст.
Мақомоти амниятии Қирғизистон афзудаанд, гурӯҳи номбурда ба нақша гирифтааст, ки 27-уми ноябр аз як мусоқибаи варзишӣ сӯйистифода намуда, ба эҷоди “хушунат, тарҳи ҳадафҳои ғайриқонунӣ ва эҷоди бесуботӣ” даст бизанад.
Ҳувияти аксари боздоштшудагон ҳанӯз ифшо нашудааст. Аммо расонаҳо менависанд, ки дар байни боздоштшудагон собиқ Муовини прокурори Қирғизистон ва як афсари хориҷӣ, ки дар ташкили ошӯб ва ҷангҳои гурӯҳӣ собиқаи мушорикат дорад, ҳастанд. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз ин афсари хориҷӣ масъули омодасозии афрод барои ширкат дар ошӯбҳо буда.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”