Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Исроил хоҳони маҳдуд кардани фаъолияти “Салиби сурх” дар минтақаи Ғаза аст
Тибқи иттилои расонаҳои исроилӣ мақомоти амниятии ин кишвар қарор қабул кардаанд, ки ба “Салиби сурх” иҷоза надиҳанд, аз минтақаи Ғаза боздид кунад.
Кумитаи байналмилалии “Салиби сурх” ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қаблан шароити шимоли Ғазаро ғайриинсонӣ ва фоҷеабор хонда, хостори кумакҳои фаврӣ шуда буданд.
Ин ду созмон таъкид карданд, ки шимоли минтақаи Ғаза бар асари ҳамлаҳои пай дар пайи артиши Исроил ба буҳрони инсонӣ рӯ ба рӯ гардидааст ва вазъият дар ин минтақа “башиддат таассуфбор” мебошад. Ин ду созмон изҳор доштанд, барои касоне, ки нияти кумакрасонӣ доранд, бояд долонҳои амн фароҳам оварда шавад.
“Дастурҳои холӣ намудани минтақа ва маҳдудиятҳои эҷодшуда ба воридоти кумакҳои асосӣ боис мешавад, ки сокинони боқимондаи ғайринизомӣ дар шимоли минтақаи Ғаза дар шароити ваҳшатноке зиндагӣ намоянд” – таъкид мекунад раҳбари гурӯҳи “Салиби сурх” дар минтақаи Ғаза Стефан Элар.
Тедрос Эдҳоном, раҳбари кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ вазъияти оворагони минтақаи Ғазаро ғайриинсонӣ тавсиф намуда, чунин таъкид мекунад: “Камбуди хатарноки таҷҳизоти пизишкӣ дар канори дастрасии бисёр маҳдуд ба ин лавозимот мардумро аз дармонҳои ҳаётӣ маҳрум кардааст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”