27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
14.11.2024 15:12

Эрон: бояд дар Ғаза ва Лубнон оташбас барқарор карда шавад

Муҳаммадризо Ориф, муовини президенти Эрон таъкид кард, ки мардуми мазлуми Ғаза ва Лубнон дар шароити нигаронкунанда ба сар мебаранд ва бояд кумакҳои башардӯстона дар ихтиёрашон қарор гирад. Ӯ афзудааст, ки бояд оташбаси шарофатмандонае анҷом гирад.

Муҳаммадризо Ориф ин нуктаро баъди бозгашт аз Нишасти изтирории ғайринавбатии кишварҳои арабию исломӣ дар суҳбат бо расонаҳо баён кардааст. “Ин иҷлосия бо пешниҳоди Эрон баргузор шуд ва хушбахтона, аз он сарони кишварҳои исломӣ ва арабӣ истиқболи хубе доштанд.” – гуфтааст Муҳаммадризо Ориф.

Муовини президенти Эрон баргузор шудани иҷлосияи мазкурро “Дар ин шароити замонӣ муваффақияти бузург барои Ҷумҳурии Исломии Эрон” донистааст.

Муовини президенти Эрон бо таъкид ба ҳамлаҳои ваҳшиёнаи Исроил ба хоки Лубнон ва Ғаза изҳор дошт, ки пешниҳоди ҳамкоронаш дар Вазорати хориҷа дар поёни нишаст мавриди тасвиб қарор гирифт, ки он бурди дипломатии Эрон дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Нишасти изтирории ғайринавбатии кишварҳои арабию исломӣ доир ба мавзӯи Ғаза ва Лубнон доир гашт ва бо тасвиби қатънома поён ёфт. Муҳимтарин нукта дар қатъномаи поёнии нишаст он буд, ки ҳама кишварҳо барасмиятшиносии Исроилро ба таъсиси кишвари Фаластин бар асоси марзҳои солҳои 1967 машрут донистанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.