Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд
Ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаи сайёҳӣ рушд мекунад
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 25,6 фоиз афзудааст
Дар 9 моҳи соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 6454,7 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 25,6 фоиз ё 1316,8 миллион доллар зиёд мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҶТ.
Тибқи иттилои Агентӣ, Тоҷикистон бо 113 давлат, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ ва 103 кишвари хориҷи дур фаъолияти савдои хориҷиро амалӣ кардааст.
Ҳиссаи тиҷорат бо кишварҳои ИДМ 47,1%-ро ташкил дод, ки ба 3039,6 миллион доллар баробар аст, дар ҳоле ки ҳиссаи тиҷорат бо хориҷаи дур 52,9% ё 3415,1 миллион долларро ташкил дод.
Содироти мол аз январ то сентябри соли 2024 ба 1407,2 миллион доллар расид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2023 44,9% ё 435,9 миллион доллар афзудааст.
Воридоти мол ба кишвар 5047,5 миллион долларро ташкил дод, ки аз нишондиҳандаҳои соли гузашта 21,1% ё 880,9 миллион доллар зиёд аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад