Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар вилояти Хатлон корхонаи гугирдистеҳсолкунӣ бунёд карда шуд
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-уми ноябр дар вилояти Хатлон корхонаи гугирдистеҳсолкунии ҶДММ “Расули Валӣ” –ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии шаҳри Бохтар дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст. Корхона дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизот ва хати технологӣ аз кишвари Олмон ворид ва насб шудааст. Барои истеҳсол қисме аз ашёи хом аз хориҷ ворид карда мешавад.
Ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 300 ва дар як сол 100 ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст. Дар корхона 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин хоҳанд шуд.
Харҷи сохтмони корхона 2 миллион сомонӣ буда, он аз ҳисоби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд ёфтааст. Бояд гуфт, ки истеҳсол ва бандубасти маҳсулот тавассути технологияи пешрафта ба роҳ монда шуда, ҳамчунин, коргарон аз тарафи мутахассисони хориҷӣ омӯзиш дода хоҳанд шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”