Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
ҲОСИЛИ АФЮН ДАР АФҒОНИСТОН 19 ФОИЗ АФЗОИШ ЁФТААСТ
Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иттилоъ медиҳад, ки майдони кишт ва парвариши афюн дар Афғонистон дар соли 2024 19 фоиз афзоиш ёфта, ба 12 800 гектар расидааст. Афзоиши кишт ва гирифтани ҳосил аз афюн дар ҳоле афзоиш меёбад, ки ҳаракати террористии Толибон дар соли 2022 қарори манъи кишту бардошти онро содир карда буд.
Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, "ҳаҷми кунунии зироатҳо нисбат ба зироатҳое, ки пеш аз ба сари қудрат омадани Толибон дар кишвар кишт мешуданд, хеле камтар аст. Аз ҷумла, дар соли 2022 майдони кишти зироат 232 ҳазор гектар арзёбӣ гардид, аммо дар соли 2023 95 фоиз коҳиш ёфт.“
Бо назардошти ин ки парвариши кӯкнор ва афюн дар Афғонистон дар сатҳи паст боқӣ мемонад, ба деҳқонони афғон дар эҷоди манбаъҳои устувор ва қонунии даромад кумак кардан лозим аст” - таъкид кард директори иҷроияи UNP-и СММ Гада Валӣ.
Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид мушаххас кардаанд, ки маркази истеҳсоли афюн аз ҷанубу ғарб ба вилоятҳои шимолу шарқ кӯчидааст.
Онҳо инро ба он хотир шарҳ медиҳанд, ки деҳқонон қаблан ин корро накарда буданд ва мехоҳанд ба бозори ғайриқонунӣ ворид шаванд. Қабл аз манъи фурӯши афюн арзиши он дар бозор 730 долларро ташкил медод, ки ҳоло ба 100 доллари амрикоӣ ҳар киллои он баробар шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”