Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ АРМСТРОНГРО ИФТИТОҲ КАРД
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми ноябри соли 2024 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон оғоз ёфта, дар он ҷо Роҳбари давлат Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави саноатӣ дар заминаи ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
"Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад"- оварда шудааст, дар иттилоои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор гуфта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вусъати чунин тадбирҳо метавонад ба рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва рақобатпазирии он мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулин талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки фаръҳо ширкати ватании "Ғаюр Гурӯҳ" бо истифода аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат нисбат ба бахши хусусӣ соли ҷорӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуданд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”