27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
05.11.2024 11:29

Эрон дар ҳамла ба Исроил аз аслиҳаи қавитар истифода хоҳад кард

Рӯзномаи “ Уолл-стрит журнал” (The Wall Street Journal) навишт, ки Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамла ба Исроил омодагӣ мебинад ва ин бор аз аслиҳаҳои қавитаре истифода хоҳад кард.

Тибқи иттилои рӯзномаи мазкур дар ҳамлае, ки Ҷумҳурии исломии Эрон қасд дорад анҷом диҳад, ин дафъа неруҳои Сипоҳи Посдорон ва Артиши Эрон ширкат хоҳанд кард.

Як мақоми эронӣ ба рӯзномаи мазкур гуфтааст, ки “Артиши мо неру аз даст додааст, пас бояд онҳо посух диҳанд”. Ӯ таъкид кардааст, ки ҳукумати Эрон мумкин аст, аз хоки Ироқ барои бахше аз амалиёт истифода кунад ва эҳтимолан ба пойгоҳҳои низомии Исроил ҳамла намояд: “Бисёр ҳамлаи қавитар аз гузашта хоҳад буд”- гуфтааст ин мақоми эронӣ.

Ҳамлае, ки мумкин аст рӯзҳои наздик сурат гирад, бо тайёраҳои бесарнишин ва мушак анҷом дода хоҳад шуд.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон Алии Хоманаӣ чанде қабл дар вокуниш ба ҳамлаи ахири Исроил гуфт, ки Эрон посухи кӯбанда хоҳад дод.

Чанде пеш таҳлилагарон гуфта буданд, ки эҳтимолан Эрон қабл аз интихоботи Амрико ҳамлаашро анҷом диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.