27 Сентябр 2026,
якшанбе, 21:11, Душанбе
03.11.2024 17:06

Зелинский аз ваъдахилофиҳои Аврупо ва Амрико интиқод кард

Владимир Зелинский, президенти Украина дар изҳороте гуфт, ки Аврупо ба ваъдаҳояш вафо намекунад ва Украина то кунун ҳамагӣ 10 фоиз аз кумакҳои тасдиқшудаи Конгресси Амрикоро ба даст овардааст.

Владимир Зелинский таъкид кардааст, ки Укрина ба кумакҳои Аврупо ниёзманд мебошад: “Конгресси Амрико дар моҳи апрел ирсоли бастаҳои кумакӣ ба арзиши беш аз 40 миллиард доллар ба Киевро тасдиқ кард, аммо мо то кунун фақат 10 дарсад аз онро дарёфт кардем, оё ин хандаовар нест?”

Президенти Украина гуфт, ки агар кумакҳои кишварҳои аврупоӣ, бахусус Амрико саривақт нарасад, неруҳои Украина дар ҷанг шикаст хоҳанд хӯрд ва қодир ба ҳимоя нахоҳанд буд.

Президенти Укрина чанд рӯз қабл таъкид карда буд, ки 11 ҳазор неруи артиши Кореяи Шимолӣ аз тарафи Русия вориди ҷанги Укрина шуданд ва ин зарбаи ҷиддӣ ба ҷабҳаҳои ҷанг дар Украина хоҳад зад. Вай афзудааст, аз эҳтимол дур нест, ки рӯзе Эрон ҳам барои ҳимоят аз Русия сарбозонашро ба Маскав бифиристад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.