27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:15, Душанбе
01.11.2024 10:51

ШУМОРАИ КУШТАҲОИ ФАЛАСТИНӢ ДАР ҒАЗА АЗ 43 ҲАЗОР НАФАР ЗИЁД ШУД

Шумораи қурбониёни ҳамлаҳои доимии ҳавоии Исроил 43 163 ҳазор нафарро ташкил дод. Шумораи захмиён бошад аз 101 510 ҳазор нафар зиёд шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Фаластин хабар дод.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил шумораи зиёди одамон дар кӯчаҳову зери харобаҳо мемонанд ва хадамоти наҷотдиҳӣ наметавонад онҳоро наҷот диҳад.

Сарфи назар аз қатъномаҳои Шурои амнияти СММ, ки ба оташбаси фаврӣ даъват мекунад, Артиши Исроил амалиёти худро дар Ғазза идома медиҳад.
Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ қариб ҳамаи сокинони минтақа маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд ва муҳосираи идомадор боиси норасоии шадиди ғизо, оби нӯшиданӣ ва доруҳои табиӣ гардидааст.

Талошҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Қатар барои миёнҷигарӣ баҳри барқарории созишномаи оташбас ва табодули асирон миёни Исроил ва Ҳамос бо сабаби рад намудани сарвазири Исроил Бенямин Нетанёҳу бенатиҷа анҷом ёфт.

Ҳамзамон, бар зидди Исроил дар додгоҳи байналмилалии СММ парвандаи қатли омм (генотсид) дар робита ба ҷанг дар Ғазза баррасӣ мешавад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.