Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Душанбе мехоҳанд бозиҳои "Counter Strike" ва "GTA" - ро манъ кунанд
Идораи ВКД Дар Шаҳри Душанбе бо ташаббуси манъи паҳншавии бозиҳои "Counter Strike" ва "Grand Theft Auto" (GTA) дар кишвар баромад кард.
Дар паеми худ, идора ба шаҳрвандон, алалхусус соҳибони клубҳои компютерӣ, муроҷиат кард, ки дастрасӣ ба бозиҳои видеоиро, ки дар онҳо саҳнаҳои зӯроварӣ ва амалҳои зиддиҷамъиятӣ мавҷуданд, маҳдуд кунанд.
Тавре ки экспертизаи Вазорати Фарҳанги ҶТ нишон дод, ин бозиҳо дорои мундариҷаи бадахлоқона, аз ҷумла зӯроварӣ, куштор ва ғоратгарӣ мебошанд, ки ба меъерҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ мувофиқат намекунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин ба афзоиши рафтори ҷиноятӣ дар байни ҷавонон ва наврасон, ки аксар вақт ин бозиҳоро бозӣ мекунанд, ишора мекунанд.
Дар робита ба Ин, Идораи ВКД Дар Шаҳри Душанбе аз роҳбарони клубҳои компютерӣ талаб мекунад, ки дастрасӣ ба чунин бозиҳоро қатъ кунанд.
ВКД инчунин ба волидон маслиҳат медиҳад, ки вақти кӯдаконро бодиққат назорат кунанд ва дастрасии онҳоро ба бозиҳои компютерӣ, ки зӯроварӣ ва ҷиноятро ташвиқ мекунанд, маҳдуд кунанд.
Милисияи пойтахт ба нақша гирифтааст, ки клубҳои компютериро мунтазам тафтиш кунад, то иҷрои меъерҳои муқарраршударо назорат кунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”