Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Деҳқонони шаҳри Норак ба ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзии Анор оғоз карданд
Ҷамъоварии анор дар шаҳри Норак 5-уми октябр оғоз шуд ва то 10-уми ноябр идома хоҳад кард. Маҳсулоти Анор қисме дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш бароварда мешавад ва қисми асосии он барои содирот ба нақша гирифта шудааст.
Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон имрӯз 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки 131 гектараш мева дорад ва боқимондаро ниҳолҳои наву боғҳои кӯҳна ташкил медиҳад. Дар ин хусус, мақомоти иҷроияи шаҳри Норак хабар додаанд.
Барои вусъат додани майдони кишти анор соли 2010 аз Эрон ва Афғонистон ниҳолҳои анор оварда ва шинонида шуд, вале он ба шароити иқлим мутобиқ нагардид. Дар натиҷа дар майдонҳои анорзор аз ниҳолҳои маҳаллӣ истифода гардид, ки ҳосилнокии беҳтар доранд. Анорҳои асосие, ки дар майдонҳои анорзори шаҳри Норак парвариш меёбанд, навъҳои анори сафед ва нарм мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”