Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Тоҷикистон ва Индонезия ҳамкориро дар бахши саноат баррасӣ мекунанд
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шералӣ Кабир бо ҳайати Вазорати энергетика ва захираҳои минералии Индонезия мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии вазорат.
Мулоқот дар чорчубаи Форуми якуми Байналмилалии кӯҳӣ-металлургӣ ва намоишгоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷонибҳо имкониятҳои густариши шарикӣ дар бахши истихроҷи маъдан, аз ҷумла иштироки ширкатҳои бузурги индонезиягӣ дар корҳои иктишофии геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Инчунин масъалаҳои ҳамкории корхонаҳои саноати бофандагӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ ва инверторҳо, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бо ҷалби сармоягузорӣ ва кадрҳои баландихтисос аз Индонезия баррасӣ карда шуданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”