Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Санҷиши гурӯҳи корӣ аз мактабҳои Ванҷ барои омодагӣ ба фасли зимистон
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо сарварии муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева омодагии мактабҳои водии Язғуломи ноҳияи Ванҷро аз назар гузарониданд.
Гурӯҳи корӣ нахуст ба МТМУ №22-и деҳаи Будун, ки дар он чорабиниҳои ҷашни Меҳргон баргузор мешуд, ташриф овард.
Аз рӯйи санҷиши гурӯҳи корӣ МТМУ №22 ба давраи зимистон хуб омода шуда ва дарсҳо дар синфхонаҳои гарм гузаронида мешаванд. Дар мактаб миқдори зарурии сӯзишворӣ омода карда шудааст. Маъмурияти мактаб боварӣ доранд, ки раванди таълим дар фасли зимистон бидуни мушкилот сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки соли 2019 мактаби мазкур таъмир карда шуда ва ба он боз чор синфи нави иловагӣ сохта шуд. Дар мактаб 194 нафар таҳсил мекунанд, ки 20 муаллим ба онҳо дарс медиҳад.
Муштари АСЛАМШОЕВА
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”