Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар 9 моҳи охир ҳаҷми тавлидоти саноатӣ ба 36 миллиард сомонӣ расид
Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ ба 36 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,3% фоиз афзудааст.
Таъкид шудааст, ки афзоиши истеҳсолот бо афзоиши ҳаҷми соҳаҳои асосии иқтисодиёт алоқаманд мебошад. Тибқи омор, саноати кӯҳӣ 35,9 фоиз, саноати тавлидотӣ 10 фоиз ва таъмини неруи барқ, газ, буғу ҳаво 0,6 фоиз афзудааст. Таъминоти об, коркарди партовҳо, инчунин, истеҳсоли ашёи хоми дуюмдараҷа 1,7 фоиз афзудааст.
Қобили зикр аст, ки чанде қабл Наҷибулло Раҷабзода оид ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли алюминий хабар дода буд. Дар нимсолаи аввали имсол ширкати мазкур 40,4 фоиз маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,7% фоиз бештар аст. То охири соли равон ширкати ТАЛКО тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми истеҳсоли ашаёи хоми алюминийро 30% афзоиш диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”