27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
29.10.2024 16:35

Трамп дар иёлатҳои муҳимми Амрико пештоз аст

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Доналд Трамп дар аксари вилоятҳои калидии Амрико нисбат ба рақиби худ Камила Ҳаррис пештоз аст.

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳони Амрико дар иёлатҳои Пенсилвания, Мишиган, Аризона, Гиоргио нисбат ба рақиби худ аз Ҳизби демократхоҳони Амрико пештоз аст.

Бар асоси назарсанҷиҳо Трамп дар Пенсилвания 47 фоиз ва нисбат ба Камила Ҳаррис 1 фоиз овози бештар дорад.

Дар иёлати Мишиган Тармп 48 фоизи овозҳоро дорад. Ин дар ҳолест, ки Камила Ҳаррис бар асоси назарсанҷиҳо дар ин иёлат 47 фоизи овозҳоро дар даст дорад. Ин вилоят 15 овози электрати колеҷ дорад.

То замони баргузории интихоботи Амрико шаш рӯз боқӣ мондааст ва бар асоси назарсанҷиҳо, ки ҳар ду номзад овозҳои хеле ба ҳам наздик доранд, пешбинии ин ки кадом номзад барандаи интихобот мешавад, душвор аст.

Бояд гуфт, ки дар низоми интихоботи Амрико номзаде дар интихобот пирӯз шинохта мешавад, ки бар иловаи ба даст овардани раъйи бештари овоздиҳандагон, инчунин, раъйи колеҷи электрониро низ ба даст биёварад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.