Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Узбекистон дигар ба сохтани “Қуштеппа” мухолифат намекунад
Намояндаи хоси президенти Узбекистон дар корҳои Афғонистон Исматуллоҳ Эргашев гуфтааст, ки ҷониби Афғонистон ҳақ дорад, аз саҳмияи оби дарёи Омӯ истифода кунад ва кишвараш ҳеч мухолифате бо сохтмони канали “Қуштеппа”-ро надорад.
Ӯ гуфтааст, ки Узбекистон дар мавриди сохтани канали “Қуштеппа” бо гурӯҳи террористии Толибон ҳеч мухолифат надорад: “Масъала ин аст, ки кадом кишвар чӣ қадар истифода хоҳад кард ва ҳамчунин, саҳмияи истифода аз он бо ба назар гирифтани камумқ будани дарё дар назар гирифта хоҳад шуд” – таъкид кардааст намояндаи президенти Узбекистон.
Канали “Қуштеппа” бузургтарин канали интиқоли об дар Афғонистон аст, ки тӯли он 284 километр буда, аз минтақаи Калдори Балх оғоз шуда, то ба минтақаи Андхуйи Форёб мерасад.
Қаблан, бархе кишварҳо ба сохтмони канали “Қуштеппа” мухолифат намуда буданд, аз ҷумла худи Узбекистон низ ба сохтани он мухолиф буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”