Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи истеҳсоли хишт ба истифода дода шуд
26 октябри соли 2024 дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сарикишти ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи истеҳсоли хишти "хишти аввал"ба истифода дода шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти президент хабар дод.
Корхонаи "хишти аввал" бо масоҳати 1,7 гектар, КИ АЗ ҷониби ҶСК "Корпоратсияи Тоҷвар" дар тӯли 4 моҳ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шудааст, дар ҷараени сохтмон сокинони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.
Раванди коркард ва истеҳсоли маҳсулот ба таври худкор сурат мегирад, иқтидори корхона дар як шабонарӯз 200 ҳазор дона хиштро ташкил медиҳад.
Бо ба истифода додани корхонаи "хишти аввал" 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ташаббуси сармоягузори ватаниро қайд намуда, ба масъулин супориш дод, ки ба сифат ва стандартҳои маҳсулот диққат диҳанд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳоло 25 корхонаи истеҳсоли хишт фаъолият мекунад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”