Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
ДАР АФҒОНИСТОН БА ЗАНОН ГУФТУГӮИ ОММАВӢ МАНЪ КАРДА ШУД
Ҳаракати Толибон бо қабули дастурамале, ки он аз 114 саҳифа иборат аст, бо садои баланд ҳарф задани занон дар назди омма ва хонаро манъ кардаанд.
ВАО аз қавли раиси Вазорати амр бар маъруфи гурӯҳи террористии Толибон Холид Ҳанафӣ навиштаанд, ки ин гурӯҳ бо садои баланд гап заданро бар занон ва нигоҳи кардани онҳоро ба мардон дар кӯча ва гап задан бо мардони бегонаро манъ кардаанд.
Хабаргузории Телеграф ба нақл аз Холид Ҳанафӣ навиштааст, ки ӯ мегӯяд “Вақте як зани болиғ намоз мехонад ва зани дигаре аз он ҷо убур мекунад, набояд он қадр баланд дуо кунад, ки онҳо бишнаванд. Пас чӣ гуна метавон ба онҳо иҷоза дод, ки овоз бихонанд, дар сутаре, ки ҳатто иҷозаи шунидани садои якдигарро ҳинни дуо надоранд, чӣ расад ба чизи дигаре”.
Созмони Милали Муттаҳид маҳдудияти нави Толибон алайҳи занони афғонистониро маҳкум карда, хоҳони лағви дастурамали ин гурӯҳ шудааст.
Созмони зикршуда таъкид кардааст, ки иҷро намудани дастурамали содиркардаи Толибон нақзи ҳуқуқи занони афғонистонӣ аст.
Аз замоне, ки гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021 ба қудрат расиданд, ҳуқуқи занон маҳдуд карда шуд. Занон аз ҳаққи таҳсил, кор, сафар бе ҳамроҳ, суҳбатҳои оммавӣ, рӯ ба рӯ шудан бо мардон маҳрум шуданд. Занон дар Афғонистон дигар ҳақ надоранд, ба боғҳо раванд, оббозӣ кунанд ва ҳама гуна варзиш барои онҳо манъ карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан гурӯҳи террористии Толибон фаъолияти аҳзоби сиёсиро низ манъ карда буданд
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”