Иттиҳоди Аврупо барои Украина 45 миллиард евро кумак ҷудо мекунад
Нархи барқу газ дар Британия то 26 дарсад боло меравад
Ҳамлаҳои ҷадиди паҳподии Украина ба манотиқи Русия: беш аз 145 паҳпод сарнагун ва як нафар кушта шудааст
Чин аз ҳаққи мардуми Фаластин пуштибонӣ мекунад: Си Ҷинпин ишғоли сарзамин ва нақзи ҳуқуқи фаластиниҳоро маҳкум кард
Қазоқистон узви нозири БРИКС шуд
Сафири Қазоқистон дар Русия гуфт, ки кишвараш узви нозири қудратҳои иқтисодии навзуҳури БРИКС-ро ба даст овард.
Даурен Абаев, сафири Қазоқистон таъкид кардааст, ки кишвараш кори назорат ба рушди созмони БРИКС-ро идома хоҳад дод: “Мо мақоми узви нозир ба БРИКС-ро дарёфт кардем, ки ин дар ҳоли ҳозир қадами бузурге ба ҳисоб меравад. Мо омода ҳастем аз иқдомҳои муассири нишасти БРИКС дар ростои таъмини манифатҳои миллии худ бар таҳаввулот ва рушди Созмон ва таҳкими гуфтумони созанда идома диҳем.” – таъкид кардааст сафири Қазоқистон дар суҳбат бо ТАСС.
Созмони БРИКС аввалин маротиба бо ширкати Русия, Ҳинд, Чин ва Бразилия дар шаҳри Екетеренбурги Русия нишасти аввалини худро ташкил кард ва баъдан дигар кишварҳо ба он пайвастанд. Ҳадафи созмони БРИКС иқтисодӣ аст.
Дар нишасти имсолаи сарони кишварҳои узви БРИКС дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад