Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон-2024”: иштироки зиёда аз 100 ширкатҳои саноатӣ ва истеҳсолкунанда аз кишварҳои мухталиф
Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон-2024” бо иштироки корхонаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии зиёда аз 15 кишвар дар маркази байналмилалии намоишгоҳи шаҳри Душанбе “DUSHANBE EXPO CENTRE” баргузор гардид.
Дар намоишгоҳи зикршуда зиёда аз сад ширкатҳои саноатӣ ва истеҳсолкунанда аз кишварҳои Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Покистон, Русия, Чин, Беларусия, Туркманистон ва Узбекистон охирин дастовардҳо ва маҳсулоти истеҳсолии худро ба намоиш гузоштанд.
Мудири як ширкати истеҳсолии Эрон ба номи Муҳсин Икордӣ дар суҳбат бо расонаҳо чунин гуфтааст: “30 ширкати эронӣ маҳсулоти худро, аз ҷумла маводи ғизоӣ, таҷҳизоти тиббӣ, маводи химиявӣ ва маводи сохтмониро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон-2024” ба намоиш гузоштанд”.
Тоҷири эронӣ таъкид кардааст, ки мувофиқатномаи мухталифи тиҷоратӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар поёни Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон-2024” имзо хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии “Тоҷикистон-2024” ба муҳалати се рӯз - 24,25,26-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”