Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Хоруғ 400 метр роҳи пиёдагард таъмир карда шуд
Дар шаҳри Хоруғ дар доираи корҳои ободонӣ 400 метр роҳи пиёдагард, ки ба самти маҳаллаҳои Баракат ва Ношинбоғ мерафт, таъмир карда шуд.
Дар маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ дар баробари сохтмони иншооти калон, биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба корҳои одии ободонӣ низ аҳамият дода мешавад. Дар давоми як соли охир дар тамоми шаҳр роҳҳои пиёдагард таъмир карда шуданд. Дар бисёр ҷойҳо бордюрҳо насб ва ранг карда шуда ва роҳҳои пиёдагард семент карда шуданд.
Бояд гуфт, ки ин равиш на танҳо намуди шаҳрро беҳтар мекунад, балки дар навбати аввал бехатарии ҳаракати одамонро низ таъмин менамояд.
Ҳамин тавр, бо мусоидати мақомоти маҳаллии ҳокимият роҳи пиёдагард, ки ба самти маҳаллаҳои Баракат ва Ношинбоғи шаҳри Хоруғ мерафт, таъмир карда шуд.
Гуфта мешавад, шаҳрдории Хоруғ идома додани ин иқдомро дар дигар қисматҳои шаҳр низ ба нақша гирифтаанд.
Муштарӣ АСЛАМШОЕВА
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”